Кристина Дорош, ноиби аввали президент ва менеҷери минтақавии ширкати Visa дар Украина, Гурҷистон, кишварҳои ИДМ ва Аврупои Ҷанубу Шарқӣ ба “Азия-Плюс” дар бораи чӣ гуна ба фурӯши маҳсулот дар саросари дунё ва ҳатто корхонаҳои хурд кумак кардани тиҷорати электронӣ маълумот дод.

- Кристина, лутфан дар бораи лоиҳаҳои Visa дар Тоҷикистон маълумот медодед.

- Аз он оғоз мекунем, ки Visa аллакай 30 сол инҷониб дар бозори Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҳузур дорад. Мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки яке аз бозингарони муваффақ дар соҳаи технологияҳои пардохт дар кишвар маҳсуб меёбем. Барои амалисозии лоиҳаҳои муштарак мо солҳои тӯлонӣ бо шарикони худ ва бонкҳо ҳамкорӣ дорем.
Дар байни лоиҳаҳои инноватсионии худ мо метавонем шарикиро бо “Алиф Бонк” таъкид кунем. Вақте ки “Алиф Бонк” фаъолияташро дар Тоҷикистон оғоз мекард, мо тасмим гирифтем, ки ин стартапи молиявӣ ва технологиро дастгирӣ кунем ва шарикони стратегӣ шудем. Акнун мо имконот барои сокинони Тоҷикистон, аз ҷумла истифодаи кортҳои пардохтӣ барои ҳисоббаробарии қулай, бехатар ва зуд бо шумули тиҷорати электрониро ҳамроҳ таҳқиқ мекунем.

Ҳамчунин Visa бо дигар бонкҳо ва муассисаҳои молиявӣ ва технологии Тоҷикистон фаъолона ҳамкорӣ мекунад. Ҳар кадоме аз онҳо стратегия ва аудиторияи худро дорад, ки ба онҳо такя мекунанд. Барои рушди пардохтҳо дар ҳар як бахш (сегмент) мо восита ва технологияҳои гуногун пешниҳод карда, ба бонкҳо ҷиҳати ба ҳадафҳояшон ноил гардидан кумак мекунем.

Масалан, барои савдои чакана (ритейл) ва мизоҷони сершумор мо кортҳои Visa дорем, ки онро одамон барои харидҳои ҳамарӯза, сафарҳо ба хориҷа ва тиҷорати электронӣ истифода бурда метавонанд. Барои тиҷорати хурду миёна маҳсулоти махсуси тиҷоратӣ пешниҳод мекунем. Яке аз пешниҳодҳои Visa барои тиҷорати хурду миёна - технологияи Visa Tap to Phone мебошад. Он ба истифодаи телефон дар заминаи Android бо NFC-модул (технологияи интиқоли маълумот дар масофаи кӯтоҳ) ба сифати терминали пардохт имкон медиҳад.    

Мо талош дорем ба рушди иқтисоди ғайринақдӣ мусоидат намоем, ки тағйироти назарраси мусбатро ба бор оварда, сатҳи рақамисозиро дар кишвар боло мебарад ва ин дар навбати худ, пардохтҳои рақамиро барои сокинони Тоҷикистон дастрастар, қулай ва бехатар мекунад.

- Чӣ гуна Visa ба рушди тиҷорати электронӣ дар саросари ҷаҳон ва Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад?

- Баррасии ин масъала ба ман маъқул аст, зеро дар мисоли тиҷорати электронӣ метавон таҳаввулоти ин соҳаро дар тӯли якчанд насл мушоҳида кард.

Visa ҳамчун ширкат аллакай 66 сол инҷониб вуҷуд дорад ва мо бо итминон гуфта метавонем, ки аввалин муассисаи молиявӣ ва технологӣ дар ҷаҳон ба шумор меравем. Мо молияро бо технлогияҳо муттаҳид намуда, барои рушди тиҷорати электронӣ имконоти нав фароҳам сохтем. Аз пардохт бо кортҳо дар офлайн (ҳузури бевосита) оғоз намуда, падидаи тиҷорати электрониро инкишоф додем, ки ба мо дар харидани маҳсулот ва хидматрасониҳо тариқи онлайн (маҷозӣ ё худ фосилавӣ) бидуни берун рафтан аз хона имкон медиҳад. Ин натанҳо қулай аст, балки барои пайваст шудани Тоҷикистон ба иқтисоди ҷаҳон имконоти бузург боз мекунад.

Ба кишварҳои Осиёи Марказӣ бо шумули Тоҷикистон бинобар сабаби мавқеи ҷуғрофӣ, дурӣ аз баҳрҳо ва шароити душвори логистика рушди тиҷорат душвор аст. Аммо тиҷорати электронӣ имкон медиҳад, ки ин монеаҳо бартараф шуда, тиҷорати хурду миёна ба иқтисоди ҷаҳонӣ ҷалб карда шаванд. Масалан, як корхонаи хурди қолинбофӣ дар Тоҷикистон метавонад мағозаи электронӣ таъсис дода, маҳсулоти худро ба харидорон дар саросари ҷаҳон пешниҳод намояд. Ба туфайли хидматрасонҳои Visa, мизоҷони хориҷӣ метавонанд ба осонӣ харид ва маблағи онро онлайн пардохт кунанд. Ин дар навбати худ ба рушди содирот ва афзоиши даромади ширкат мусоидат мекунад.

Мо бо бисёр бонкҳои шарик дар Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунем, то ба онҳо имконият диҳем, ки ба хидматҳои эквайрингӣ (харидан, қабул кардан)-и мо пайваст шаванд ва ба имконоти тиҷорати электронӣ густариш бахшанд. Ин натанҳо ба рушди тиҷорат дар кишвар, балки беҳтар шудани вазъи иқтисодӣ дар маҷмӯъ мусоидат мекунад.

- Дар системаи пардохт соли 2024 моро чӣ тамоилҳо интизоранд?

- Ин масъалаи оянда аст, лекин аллакай мо ҳозир метавонем тамоилҳои муайянеро пайгирӣ намоем, ки бешубҳа, муҳиму рӯзмарраанд. Мо афзоиши босуръати пардохтҳои ғайринақдиро дар Тоҷикистон мушоҳида карда истодаем - ҳам дар мағозаҳо ва ҳам дар бахши тиҷорати электронӣ. Ба шарофати ҳамкории пурсамар бо бонкҳо Visa ба рушди ин соҳа фаъолона мусоидат хоҳад кард.

Мо ҳамчунин рӯйи дигар технологияҳо дар кишвар низ машғули корем. Масалан, интиқоли пул аз рӯи рақами телефон аз як корбар ба дигараш тариқи платформаи Visa Direct. Ин зуд, қулай ва бехатар аст.

Боз як тамоиле, ки дар саросари дунё маъмулу писанд мешавад, пардохти харидҳо бо ёрии дастгоҳҳои гуногуни “ҳушманд ё худ боақл” аст. Масалан, смартфон, соат ва ё ҳатто ҳалқаҳои пардохтӣ. 

Яке аз чунин технологияҳо ҳозир дар Тоҷикистон дастрас аст. Моҳи декабри соли гузашта дар кишвар хидматрасонии инноватсионии пардохти Garmin Pay роҳандозӣ гардид. Он ба анҷом додани пардохтҳо дар нуқтаҳои фурӯш бо ёрии смарт-соатҳои Garmin имкон медиҳад. Шумо танҳо корти Visa-и худро ба ҳамёни Garmin пайваст намуда, ба терминали пардохт наздик меоред ва маблағ мегузарад.  

Ин тамоил ва технологияҳо дар соли 2024 маъруфу писанд гардида, ба сокинони Тоҷикистон барои пардохт имкониятҳои нав фароҳам меоранд.

- Метавонед бигӯед, ки чӣ гуна Visa ба рушди ширкатҳои молиявӣ ва технологӣ дар Осиёи Марказӣ ва саросари ҷаҳон мусоидат мекунад?

- Муассисаҳои молиявӣ ва технологӣ барои мо шарикони муҳиманд, зеро онҳо дар бозори технологияҳои молиявӣ нақши калидӣ дошта, ба давлат ва бозорҳо ҷиҳати рушди босуръати имкониятҳои технологиашон шароит муҳайё месозанд. Онҳо дар ҳамкорӣ бо бонкҳо технологияҳое таҳия месозанд, ки ба сокинон хидматрасониҳои бештар қулай ва дастрас пешниҳод мекунанд.

Яке аз барномаҳои мо дар ин самт FinTech Fast Track мебошад, ки ба ширкатҳои хоҳишманди шарики Visa шудан барои тезтар анҷом додани ҷараёни санҷиш имкон медиҳад. Мо мефаҳмем, ки дар муқоиса бо бонкҳо, барои муассисаҳои молиявӣ ва технологӣ бо сабаби начандон бузург будани ширкат ва таърихи кӯтоҳи он ҷараёни шарикӣ метавонад душвортар бошад. Аз ин рӯ, махсус барои муассисаҳои молиявӣ ва технологӣ мо расмиёти соддашуда таҳия намудем.    

Самти дуюми муҳим ташаббуси Visa Everywhere Initiative мебошад, ки соли 2015 дар ИМА роҳандозӣ гардид. Ин озмун барои муасисаҳои молиявӣ ва технлогӣ аст, ки ба онҳо дар пешниҳоди идеяҳои инноватсионии худ, дарёфти дастгирии молиявӣ ва дастрасӣ ба донишу таҷрибаи Visa имкон фароҳам месозанд. Дар доираи ин ташаббус муассисаҳои молиявӣ ва технологӣ ба ҳамкории мутақобила бо коршиносони ширкат имкон пайдо мекунанд, ки ба рушди онҳо ва васеъ кардани тиҷорат мусоидат мекунад.

Масалан, соли 2021 ширкати молиявӣ ва технологии Maya Soft аз Ӯзбекистон бо аввалин пешниҳод барои пардохтҳои бидуни алоқа дар Ӯзбекистон дар заминаи технологияҳои Visa Tap to Phone дар минтақаи Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ, Шарқи Наздик ва Миёна ва Африқо ғолиб омад. Ҳамчунин ширкати Payzе-и Груҷистон - ғолиби озмун дар минтақа рӯйи рушди тиҷорати электронӣ фаъолона кор мекунад, аз ҷумла дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон. Қабули дархостҳо барои имсол то 6 май боз аст. Онро метавон тариқи истинод дар сомонаи мо пешниҳод кард.

- Ояндаи наздик Visa дар Тоҷикистон чӣ гуна нақшаҳои рушд дорад?

- Доир ба рушд дар Тоҷикистон мо нақшаҳои бузург дорем. Ният дорем, ки ба ҷорисозии технологияҳои навтарини пардохт ва инноватсияҳо идома диҳем, то ки таҷрибаи мизоҷонро дар ин соҳа беҳтар намуда, бехатар ва қулай будани пардохтҳоро ба онҳо таъмин кунем.

Бо хушнудӣ изҳор мекунем, ки дар Тоҷикистон аллакай шумори назарраси инноватсияҳое мавҷуданд, ки мо таҳия ва ба шариконамон пешниҳод кардаем. Мо ҳамчунин ба бехатарӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ба бонкҳо барои мубориза бо қаллобӣ ва баланд бардоштани сатҳи муҳофизати пардохтҳо роҳҳои ҳал пешниҳод мекунем.

Ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон барои мо стратегӣ ва муҳим аст: мо ба ошкорбаёнӣ ва тарзи рафтори муосиру пешрафтаи дастаи Бонки миллӣ дар масъалаи пардохтҳои ғайринақдӣ арҷ мегузорем. Дар ҳамдастӣ роҳҳои беҳтарини танзимро, ки ба рушди фаъолонаи технологияҳо ва инноватсияҳои пардохт дар кишвар мусоидат мекунанд, муайян месозем.  

Барои боварӣ ва ҳамкорӣ ба ҳамаи шариконамон дар Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ мекунем. Ва баҳри рушди зерсохтори пардохт дар ҷумҳурӣ ва таъмини мизоҷон бо шароити беҳтарин барои анҷоми пардохтҳо ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ хоҳем дод.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.