Душанбе. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс - Бар асари беэҳтиётии ронанда кӯдаки 13-сола фавтид.
Аз маркази матбуоти Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии (БДА ВКД) ҶТ хабар доданд, ки шоми дирӯз ронандаи автомашинаи «Нисан-Максима» Бахтиёр Маликов дар километри 12-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд кӯдаки 13-соларо зер кардааст, ки бар асари захмҳои бардошта ӯ дар ҷои ҳодиса ҳалок гаштааст.
Бино ба иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 4 ҳодисаи садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки дар натиҷаи он 2 нафар фавтида, 3 нафари дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.
Мувофиқи маълумоти Раёсати БДА ВКД ҶТ дар шаш моҳи соли равон кам шудани ҳодисаҳои садамаҳои нақлиётӣ ба андозаи 6,2% (741 - соли равон ва 790 - ҳамин давраи соли гузашта) ба қайд гирифта шудааст.
«Ҳамчунин шумораи ҷабрдидагон низ кам шудааст, - изҳор дошт манбаъ. - Агар дар шаш моҳи соли гузашта бар асари ҳодисаҳои садамаи нақлиётӣ 184 нафар фавтида бошанд, соли равон ин рақам ба 181 нафар расидааст».
«Агар дар нимсолаи аввали соли гузашта дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ 901 нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта бошанд, пас, ин рақам соли равон ба 850 нафар баробар аст», - афзуд сарчашма.
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста