Душанбе. 8-уми август. «Азия-Плюс» — Субҳи имрӯз дар бозори бузургтарини пойтахт – «Корвон» сӯхтори навбатӣ сар зад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» тоҷирони бозор хабар доданд, сӯхтор дар маҷмаии савдои «Элегант» ба амал омадааст.

«Айни замон ҳудуди чаҳор мағозаи фурӯши сарулибосу пойафзол бо оташ фаро гирифта шудаанд», - мегӯянд тоҷирон.

Ба қавли онҳо, дар ҷойи ҳодиса се дастаи сӯхторнишинон ба хомӯш кардани оташ машғуланд, вале кӯшишҳои онҳо то ҳанӯз натиҷаи дилхоҳ намедиҳанд.

«Дар ҷойи ҳодиса кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва оташнишинон қарор дошта, қисмати марказии «Элегант» бо дуду оташ ффаро гирифта шудааст», - изҳор карданд тоҷирон.

Дар ҳамин ҳол, тоҷирон  тасдиқ месозанд, сабаби сар задани сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳо дар шабака буда наметавонад, зеро соли ахир дар вақти ғайрикорӣ интиқоли барқ ба иншооту мағозаҳои бозори «Корвон» қатъ карда мешавад.