Бар асари садамаи нақлиёт дар минтақаи ҷанби кишвар як афсари нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ ба ҳалокат расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, садамаи нақлиёт рӯзи 17-уми ноябр дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ба вуқӯъ пайвастааст.

«Ронандаи автомашинаи тамғаи «SsangYong Korando», фармондеҳи взводи қисми низомии Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ Фаррухҷон Муллоеви 26-сола ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Сармантой ба маркази ноҳия аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина ба самти муқобили ҳаракат мебарояд ва ба як бинои назди роҳ бармехӯрад», - гуфтанд дар ВКД.

Ба иттилои манбаъ, бар асари ҷароҳатҳои бардошта афсар дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Бино ба маълумоти Раёсати БДА-и ВКД, соли равон дар Тоҷикистон 376 ҳодисаи садамаи нақлиёт рух дода, бар асари он 376 нафар ҳалок (дар ҳамин давраи соли гузашта – 344 тан) ва 142 нафар (ҳамин давраи соли газашта – 166 тан) ҷароҳат бардоштаанд.