Бар асари ҳодисаи сӯхтор дар ноҳияи Данғар ду нафар, аз ҷмла як нафар кӯдак ба ҳалокат расиданд .

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои диохилии ҶТ, рӯзи 09.04.с.12 тахминан соати 18:30 дақиқа, шаҳрванд Змиевский Виктор Карпович соли таваллудаш 1952, истиқоматкунандаи ҷ/д Оқсу, деҳаи Гулафшон, ноҳияи Данғара дар ҳолати мастӣ, дар хонаи истиқоматиаш ҳангоми тамоку кашиданаш хобаш бурдааст, ки дар натиҷа хонаи истиқоматиаш оташ гирифтаааст.

Ба иттилои манбаъ, бар асари сӯхтор худи ӯ ва писари хурдсолаш Сергеев Арсений Карпович соли таваллудаш 2009, истиқоматкунандаи ҳамонҷо, сӯхта ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.