Дар қаламрави Тоҷикистон заминларзаи навбатӣ ба қайд гирифта шуд. Заминларза рӯзи сешанбе, 17-уми апрел соати 20-у 16 дақиқа рух дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази зилзиласанҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар маркази заминларза, ки дар 260 километрии ҷануби шарқи шаҳри Душанбе - дар қаламрави Афғонистон воқеъ буд, қувваи он 4 балл ва дар Душанбе 2-3 баллро ташкил дод.

Қобили зикр аст, ки аз оғози соли равон дар қаламрави Тоҷикистон 8 ҳодисаи заминларза ба қайд гирифта шуд, ки маркази аксари он дар Афғонистон воқеъ буд.