Дар ноҳияи Панҷакент як чӯпони 20-сола ҳангоми кӯшиши наҷоти чорво аз сел ба ҳалокат расид.

Тавре аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар доданд, рӯзи сешанбеи ҳафтаи равон бар асари боришоти зиёд дар ҷамоати Косатароши ноҳия сел фаромада, 10 сар чорвои калони шхдор ва 55 сар чорвои майда қурбони он шуданд.

«Сокини 20-солаи ҳамин ҷамоат Ҷовид Хӯҷамов ҳангоми чаронидани чорво наздикии деҳаи Ҷонбулоқ кӯшиш кардааст, ки чорворо аз сел наҷот диҳад, вале худ зери мавҷи сел монда ба ҳалокат расидааст, - гуфтанд дар раёсат.

Ба иттилои манбаъ, ҷасади фавтида дар мавзеи Сойи Қубур дарёфт шудааст.