Ноҳияи Ғончии вилояти Суғд аз селфароии имсола хисороти зиёд бардошт.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳияи Ғончӣ Рустамҷон Ҷӯраев хабар дод, дар деҳаи Угук 40 сар чорвои сокинони маҳаллӣ қурбони сел гардида, 1,7 гектар замини кишти картошкаро сел шустааст. Дар рустои Метк офати табиӣ ба 100 километр роҳ, ду сарбанди садди сел ва 7 гектар заминҳои кишти картошка зарар расонидааст.
Дар ҷамоати Муҷум сел ду пулро хароб сохтааст, ки яке аз онҳо чанде қабл ба истифода дода шуда, барои бунёди он 4,5 млн. сомонӣ маблағ масраф гардида буд.
Гуфта мешавад, дар макони офат корҳои барқарорсозӣ оғоз гардида, хушбахтона, хароб шудани манзили зист ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Ҳаҷми зарар муайян карда мешавад.
Сироҷиддин Муҳриддин гуфтааст, изҳороти Сергей Лавров “бо вазъи воқеӣ мувофиқат намекунад”
Даргузашти муҷассамасози шинохта Игор Иванов
Баъди супоридани нота Сергей Лавров ба Сироҷиддин Муҳриддин занг зад
Як “эстакада”-и Душанбе бо беш аз 28 млн евро қарзи БАТР сохта мешавад
Дар робита ба таҷлили Иди ғалаба ва Рӯзи ваҳдати миллӣ реҷаи корӣ тағйир меёбад
20 сол чашминтизори шавҳари муҳоҷир. Чаро Марҳаборо “Зани оҳанӣ” мегӯянд?
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як мансабдори ҳукумати Исфара
Даҳбеди Самарқанд: Аз пайравии нақшбандия то се мавҷи муҳоҷират
Эмомалӣ Раҳмон: “Аз ҳамкорӣ бо БАТР умедвориҳои калон дорем”
“Русия бояд уҳдадориҳояшро иҷро кунад!”. Як созмони ҷаҳонӣ ва ҳуқуқшиносони тоҷик шиканҷаи гумонбарони “Крокус”-ро маҳкум карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста