Имрӯз, 3-юми май, дар қаламрави Тоҷикистон заминларза рух дод. Заминларза соати 11:49 дақиқаи вақти маҳаллӣ эҳсос шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, маркази заминларза дар 250 километрии ҷанубу шарқи Душанбе, дар марз бо давлати Афғонистон воқеъ буд.

Ба иттилои манбаъ, қувваи заминларза дар марказ 4 ва дар шаҳри Душанбе 2 баллро ташкил додааст. «Дар бораи талафоти ҷонӣ ва харобиҳо то ҳанӯз хабаре нарасидааст», - афзуд манбаъ.