Бар асари заминларзаи шаби 13-уми майи соли равон дар километри 23-юми роҳи мошингарди Лабиҷар-Тавилдара, ки минтақаи шарқи ҷумҳуриро бо маркази кишвар мепайвандад, сангфароӣ ба вуқуъ пайваста, ҳаракати нақлиёт тавассути ин роҳ ғайриимкон шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар дод, дар натиҷи сангфароӣ беш аз 150 метри роҳи мошингард хароб гардида, баландии сангтӯдаҳо дар баъзе қсмати роҳ то 6 метр мерасад.

Айни замон дар макони сангфароӣ техника ва кормандони Вазорати нақлиёт ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода машғули кор буда, баҳри ҳарчи зудтар тоза кардани роҳ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Ба иттилои манбаъ, феълан аз санаи дақиқи барқарор шудани ҳаракат нақлиёт тавассути ин роҳ наметавон ҳарф зад.