Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ дар бораи оқибатҳои заминларзаи чанд рӯз қабл рухдода, ки аз он минтақаи шарқи мамлакат осеби зиёд дид, маълумоти тоза пешниҳод кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» корманди Маркази матбуоти КҲФ ва МГ Наргис Нурова хабар дод, дар ноҳияи Тавилдара бар асари заминларза ба беш аз 100 манзили зисти сокинони маҳаллӣ зарур расонида шуда, 50 манзили зист пурра хароб шудаанд.

«Зарари заминларза бештар дар деҳаҳои Хамдара, Чашмаи Кабуд, Гирдоб, Руботнол ва Шӯр ба мушоҳида расида, миёни ин деҳаҳо аз ҳама зиёдтар деҳаи Руботнол осеб дид. Дар ин деҳа 17 манзили зист пурра ва 19 хонаи истиқоматӣ қисман хароб шудаанд», - гуфт Нурова.

Дар Кумита  зикр карданд, ки дар бораи талафоти ҷонӣ маълумот нарасидааст.

Дар ҳамин ҳол, сокини ноҳияи Тавилдара, сардабири газетаи ноҳиявӣ Наҳтутӣ Алиева дар суҳбати телефонӣ ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки тибқи маълумоти расмӣ, ҳангоми заминларза 16 нафар ҷароҳат бардошта, ба бемористон бистарӣ шудаанд.

«Дирӯз муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Муродалӣ Алимардон аз макони офатзада боздид кард. Ҳукуматдорон ба ин ҷо як миқдор кӯмаки ғизойӣ ва дигар кӯмакҳо оварда, барои сокинони бештар осебдидаи деҳаи Руботнол хаймаҳо дуруст карда шуданд. Мақомоти маҳаллӣ рӯйхати ниёзмандон ба манзили зистро тартиб дода, ҳаҷми зарари аз офат расида муайян карда мешавад», - иброз дошт Алиева.

Ба гуфтаи ӯ, рӯзҳои наздик президенти Тоҷикистон шахсан аз маокни офатзадаи ноҳияи Тавилдара боздид карданист.

Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи якшанбе соати 4:28 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Тоҷикистон заминларза рух дод, ки маркази он дар 152 километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе ва 20 километрии ҷанубу шарқи ноҳияи Рашт воқеъ буд.

Тибқи маълумоти пешакӣ, дар марказ қувваи заминларза 6-7 балл, дар шаҳри Душанбе – 4, шаҳраки Ғарм – 6 ва дар шаҳри Хоруғ 3-4 баллро ташкил додааст. Бар асари заминларза сокини деҳаи Тандовчии ҷамоати Самсолиқи ноҳияи Нуробод зери девори манзили худ монда, ба ҳалокат расид.