Бар асари газидани саг як сокини ноҳияи Вахш, духтари 12-сола ба ҳалокат расид.
Тавре аз идораи санитариву эпидемиологии вилояти Хатлон хабар доданд, саги дайду ба духтар дар назди хонаашон дарафтодааст, вале падару модари ӯ саривақт ба табибон муроҷиат накарда, духтар пас дуним моҳ фавтидааст.
Ҳамин саг боз як нафари дигарро газида, сипас аз ӯ панҷ нафари дигар сироят ёфтаанд. Айни замон ин нафарон таҳти табобати пизишкон қарор дошта, раиси ноҳияи Вахш баҳри табобати онҳо 3 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо намудааст.
Зикр гардид, ки феълан дар тамоми ҷамоатҳо гурӯҳҳои боздошт ва нобуд кардани сагҳои дайдуе, ки барои ҳаёти одамон хатарноканд, ташкил гардидаанд.
Прокурори ноҳияи Вахш Юсуфҷон Юсуфзода мегӯяд, мақомоти прокуратура оид ба далели марги духтар ва чораҳои нобуд кардани сагҳои дайдуи гирифтор ба бемории ҳорӣ (девонагӣ) санҷиш мегузаронанд.
Бино ба маълумоти идораи санитариву эпидемиологии вилояти Хатлон, соли равон ин аввалин ҳодисаи марги шахс аз газидани саг аст.
Сироҷиддин Муҳриддин гуфтааст, изҳороти Сергей Лавров “бо вазъи воқеӣ мувофиқат намекунад”
Даргузашти муҷассамасози шинохта Игор Иванов
Баъди супоридани нота Сергей Лавров ба Сироҷиддин Муҳриддин занг зад
Як “эстакада”-и Душанбе бо беш аз 28 млн евро қарзи БАТР сохта мешавад
Дар робита ба таҷлили Иди ғалаба ва Рӯзи ваҳдати миллӣ реҷаи корӣ тағйир меёбад
20 сол чашминтизори шавҳари муҳоҷир. Чаро Марҳаборо “Зани оҳанӣ” мегӯянд?
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як мансабдори ҳукумати Исфара
Даҳбеди Самарқанд: Аз пайравии нақшбандия то се мавҷи муҳоҷират
Эмомалӣ Раҳмон: “Аз ҳамкорӣ бо БАТР умедвориҳои калон дорем”
“Русия бояд уҳдадориҳояшро иҷро кунад!”. Як созмони ҷаҳонӣ ва ҳуқуқшиносони тоҷик шиканҷаи гумонбарони “Крокус”-ро маҳкум карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста