Шоми рӯзи 27-уми май дар Тоҷикистон бо қувваи 4 балл заминларзаи навбатӣ рух дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар доданд, ҳодисаи заминларза соати 21:24 дақиқа бо вақти маҳаллӣ ба вуқӯъ пайваста, маркази он дар 135 километрии шимолу ғарбии шаҳри Душанбе, дар қаламрави ноҳияи Тавилдара воқеъ будааст.

«Дар марказ қувваи заминларза 4 балл ва дар ноҳияи Тавилдара 3 баллро ташкил дода, дар бораи харобиҳову талафоти ҷонӣ маълумот нарасидааст», - гуфтанд дар кумита.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 13-уми майи соли равон дар Тоҷикистон заминларзаи харобиовар рух дод. Маркази он дар 152 километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе ва 20 километрии ҷанубу шарқи ноҳияи Рашт воқеъ буд.

Дар марказ қувваи заминларза 6-7 балл, дар шаҳри Душанбе – 4, шаҳраки Ғарм – 6 ва дар шаҳри Хоруғ 3-4 баллро ташкил дода буд. Бар асари заминларза сокини деҳаи Тандовчии ҷамоати Самсолиқи ноҳияи Нуробод зери девори манзили худ монда, ба ҳалокат расид.

Санаи 16-уми сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз макони офатзадаи ноҳияи Тавилдара боздид намуда, бо сокинони осебдида мулоқот кард. Тибқи маълумоти ахири ба сарвари давлат пешниҳодшуда, бар асари ин заминларза дар ноҳияи Тавилдара 105 манзили зист пурра хароб гардида, боз 155 хонаҳои истиқоматӣ қисман зарар диданд. Ин нишондиҳанда дар ноҳияи Рашт мутаносибан 8 ва 16 ададро ташкил медиҳад.