Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ҳангоми шиноварӣ ду нафар ғарқ шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд хабар доданд, нимаи дуюми рӯзи санаи 6-уми июн ҳангоми шиноварӣ дар рӯдхонаи Сирдарё дар қаламрави шаҳри Хуҷанд ду нафар ҷавонон ғарқ шудаанд. Инҳо сокини 23-солаи ноҳияи Ашт А.Б. ва сокини 24-солаи пойтахт В.С. мебошанд.

Ба иттилои манбаъ, пас аз ду соати ҳодиса кормандони гурӯҳи ситоди фаврии ҳолатҳои фавқулодда ҷасадҳои онҳоро дарёфт намудаанд.

Бино ба маълумоти ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд, дар зарфи панҷ моҳи соли равон дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 9 нафар ғарқ шудаанд.