Имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон ду ҳодисаи заминларза рух дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази обуҳавошиносии Душанбе хабар доданд, заминларзаи аввал соати 10:02 ба вақти маҳаллӣ рух дода, марказаш дар 440 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, дар қаламрави Афғонистон воқеъ буд. Дар марказ қувваи заминларза 6-7 балл ва дар Душанбе 2 баллро ташкил дод.

Заминларзаи дуюм соати 10:29 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Афғонистон ба вуқӯъ пайваст. Маркази заминларзаи дуюм дар 312 километрии шаҳри Душанбе рух дод. Тибқи маълумоти пешакӣ, дар марказ қувваи заминларза 4-5 балл, дар Душанбе 2-3 балл ва дар Хоруғ 2-2,5 баллро ташкил дод.