Шаби гузашта дар Душанбе ба хеши наздики президенти Тоҷикистон ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти қудратӣ хабар дод, ҳамсари хоҳари калонии Эмомалӣ Раҳмон аз силоҳи оташфишон ба қатл расонида шудааст.

Эҳтимолан ин ҷо сухан сари зодаи ноҳияи Восеи вилояти Хатлон Холмӯъмин Сафаров меравад. Тибқи баъзе маълумот, ӯ ба ҳайси директори КВД «Тоҷикҷангал» ифои вазифа мекардааст.

«Аз якчанд тири ба сараш бархӯрда Сафаров дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст», - гуфт манбаъ.

Барои тафтиши ҳодисаи мазкур гурӯҳи махсуси фавриву тафтишотӣ таъсис дода шудааст. Як манбаъ аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ гуфт, дар фурсати наздиктарин оид ба ин ҳодиса иттилои махсус интишор мегардад.