Дар ағбаи Шаҳристони воқеъ дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд бар асари садамаи нақлиёт як нафар ба ҳалокат расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, ронандаи автомашинаи тамғаи «Даймлер-Бенс», сокини 52-солаи пойтахт Алик Климов зимни ҳаракат дар ағбаи Шаҳристон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина ба ҷарии 300-метра сарозер меравад.

«Бар асари ҷароҳатҳои вазнини бардошта А.Климов дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст», - гуфтанд дар Раёсати ВКД.

Бино ба маълумоти Шуъбаи БДА-и РВКД-и вилояти Суғд, дар зарфи 5 моҳи соли равон дар роҳҳои мошингарди минтақаи шимоли кишвар 96 ҳодисаи садамаи нақлиёт (ҳамин давраи соли 2011 – 109 ҳодиса) ба қайд гирифта шуда, бар асари он 46 нафар ҳалок (соли 2011 – 55 нафар) ва 97 нафар (соли 2011 – 103 нафар) ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.