Бар асари сангреза дар ноҳияи Кӯхистони Мастчоҳ роҳи автомобилгард ба самти пойтахт баста шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ҳодисаи сангфароӣ шаби гузашта дар километри 26-уми роҳи мошингарди миёни ноҳияи Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ рух додааст. Ин роҳ Кӯҳистони Мастчоҳро бо пойтахт мепайвандад.

Ба иттилои манбаъ, аз сангреза касе осеб надидааст ва айни замон дар ин мавзеъ корҳои тоза кардани роҳ идома доранд.