Донишҷӯдухтари соли аввали Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Шаҳнозаи Мансурҷон, ки аз ошёнаи чоруми хобгоҳ ба замин афтода буд, рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта ба ҳалокат расид. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз маъмурияти Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, Шаҳнозаи Мансурҷон рӯзи 8-уми октябр бо ҷароҳатҳои вазнин ва дар ҳолати беҳушӣ ба шуъбаи эҳёгарии марказ оварда шуда, ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайваст мегардад ва сарфи назар аз баргузории тамоми корҳои зарурии эҳёгарии тиббӣ, рӯзи 12-уми октябр ба ҳалокат мерасад.

Қаблан сардори шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеаи донишгоҳ Шодмон Аҳмедов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дода буд, ҳодисаи мазкур субҳи рӯзи 8-уми октябр рух дода, тибқи гуфтаҳои ҳамдарсон, ин замон онҳо онҷо ҳузур надоштаанд.

Бо такя ба гуфтаҳои ҳамдарсони донишҷӯдухтар, ки баҳри таҳсил аз ноҳияи Восеъ ба пойтахт омадааст, Ш.Аҳмедов изҳор карда буд, ки субҳ ӯ ҳамроҳи ҳама ба дарс раҳсипор гардида, сипас дафтарҳои фаромӯшшударо ба хотир меорад ва ба хобгоҳ бармегардад. «Ҳамдарсонаш ҳамчунин изҳор карданд, ки чанд рӯзи ахир духтар ба дарди зуком гирифтор буд ва шояд барои нафаси тоза гирифтан тирезаро кушода, сараш чарх задаст ва аз тиреза ба берун афтодааст», - гуфта буд ӯ.

Дар мақомоти прокуратураи ноҳияи Сино, ки ба таҳқиқи ин ҳодиса машғул аст, иттилоъ доданд, ки айни замон тамоми ҷузъиёти ҳодисаи рухдода мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор доранд.