Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ дар натиҷаи истифодаи бухориҳои худсохт ду ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шуда, хушбахтона, бидуни талафоти ҷонӣ анҷом пазируфт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, субҳи 5-уми декабр дар деҳаи Ҷавонии ноҳияи Зафаробод бар асари истифодаи нодурусти бухории худсохт дар манзили сокини маҳаллӣ Абдуқаҳхор Абдураҳмонов сӯхтор сар зада, ҳаҷми зарари расида 11 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Нимаи дуюми ҳамон рӯз дар манзили зисти сокини ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Каримҷон Бобокалонов низ сӯхтор ба амал омада, оташ майдони 140 метри мураббаъро фаро гирифтааст. Аз оташ боми хона ва дигар лавозимоти рӯзгор нобуд гардида, ҳаҷми зарар 9 ҳазор сомониро ташкил додааст. Ба ин сӯхтор низ истифодаи нодурусти бухории худсохт сабаб шудааст.