Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати нази ҳукумати ҶТ дар Русия ҳузури шаҳрвандони тоҷик миёни ҷабрдидагон яз як садамаи бузурги нақлиёт дар вилояти Самараро муайян мекунад.

Котиби матбуоти намояндагӣ Иброҳим Аҳмадов тариқи телефон ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки корманди намояндагӣ Далер Сангинов ба Самара раҳсипор шуда, ба ин кор машғул хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки дар шоҳроҳи М-32-и ин вилояти Русия бар асари бархӯрди микроавтобуси «Toyota» бо нақлиёти боркаши «Mersedes» 13 нафар ҳалок ва 3 тан ҷароҳат бардоштанд.

«Дар ВАО хабар дода шуд, ки дар микроавтобус 11 шаҳрванди Ӯзбекистон, 2 шаҳрванди Тоҷикистон ва 1 шаҳрванди Озарбойҷон қарор доштаанд. Муайян кардани шахсияти фавтидагон хеле душвор аст, зеро қисмати зиёди ҷисми онҳо бар асари оташ гирифтани микроавтобус сӯхтааст», - гуфт Аҳмадов.

Номбурда ҳамчунин изҳор кард, ки субҳи имрӯз хабар расидааст, ки ҳамаи ҳалокшудагон шаҳрвандони Ӯзбекистон будаанд, вале ин маълумот алҳол саҳеҳ нест.