Оилаи Ҳукумовҳо, ки бо гуноҳи писари 16-солаи ин хонадон дар пойтахт як садамаи фоҷебаор ба вуқӯъ пайваст, ба наздикони ҷабрдидагон аз ин садама кумак кардаанд. Шасхони аз ин садама зиндамонда чун пешина дар ҳолати вазнин дар Маркази миллии тиббӣ қарор доранд.

Шокира Маҳкамова, модари яке аз ҷабрдидагон ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки аз оилаи Ҳукумовҳо онҳо 800 доллари ИМА маблағ гирифтаанд. «Нахуст ба мо 200, сипас 400 ва ду рӯз қабл барои ҷарроҳии писарам боз 200 доллари ИМА доданд», - гуфт ӯ ва илова намуд, ки бо назардошти бад шудани вазъи солимии писараш, ӯро дубора ба шуъбаи эҳёгарӣ (реаниматсия) гузаронидаанд.

Ба қавли ӯ, ба оилаҳои ҷабрдидагон Азиза Рӯзиева ва Мадина Аҳмедова ҳам Ҳукумовҳо ҳамин миқдор маблағ кумак кардаанд, вале шахсоне, ки  маблағи пулиро супурдаанд, аз ифшои ному насбашон худдорӣ кардаанд.

Ёдрас мекунем, ки бар асари садамаи нақлиёти фоҷеабор, ки шоми рӯзи 9-уми октябр  дар хиёбони Рӯдакии пойтахт рух дод, се нафар ба ҳалокат расида, боз се тан бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба бемористон мунтақил шуда буданд.

Дар рух додани ин садама Расули Амонулло, писари 16-солаи раиси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукумов гумонбар дониста мешавад. То ҳанӯз дар бораи макони будубоши гунаҳкори садама маълумоти мухталиф дода мешавад.