Шоми рӯзи сешанбеи ҳафтаи равон дар қаламрави Тоҷикистон заминларзаи навбатӣ эҳсос шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази обуҳавошиносии Душанбе хабар доданд, заминларзаи навбатӣ соати 21:30-и вақти маҳаллӣ ба қайд гирифта шудааст. Маркази заминларза дар 140 километрии ҷануби ғарби пойтахт ва 25 километрии ҷанубу шарқи маркази мамурии ноҳияи Шаҳритӯс муқаррар гардидааст.
Тибқи маълумоти пешакӣ, қувваи заминларза дар марказ 5 балл, шаҳраки Шаҳритӯс – 4 балл ва шаҳри Душанбе – 2 баллро ташкил додааст. Аз хисороти расида ва талафоти ҷонӣ алҳол маълумот дода намешавад.
Ёдрас мекунем, ки тайи рӯзҳои ахир дар қаламрави Тоҷикистон якчанд ҳодисаҳои заминларза рух дод. Заминларзаи бештар шадид рӯзи якшанбе, соати 10:15-и вақти маҳаллӣ рух дода, ба деҳоти шаҳри Ваҳдат хисороти зиёд ба бор овард. Дар деҳоти назди шаҳри Ваҳдат бар асари заминларза 118 манзил пурра ва 259 хоҷагӣ қисман зарар дида, 12 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.
Дар радабандии кишварҳои камбизоат Тоҷикистон дар ҷойи чандум аст?
Сардори Хадамоти федеролии амнияти Русия: “Ташкилкунандаи асосии ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Ҳол” дар хориҷа аст”
Қазоқистон низ тафтиши муҳоҷирони кории тоҷикро бештар ва чораҳои амниятиро дар фурудгоҳҳо пурзӯр кардааст
Тоҷикистон дар раддабандии озодии матбуот боз ду зина поён рафт
Имсол ба ҳар як иштирокчии ҶБВ қариб 50 ҳазор сомонӣ медиҳанд
Вазорати умури дохилии Русия тартиби сабти номи шаҳрвандони хориҷиро шарҳ дод
Роҳхатҳои олимпӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ: кӣ аз ҳама зиёдтар дорад?
Дар радабандии ФИФА мунтахаби футзали Тоҷикистон байни 139 кишвар зинаи 34-умро ишғол кард
“Ба хотири шаффофият!”. Пули иҷораи китобҳои дарсӣ низ дигар ғайринақдӣ супорида мешавад
Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Душанбе чанд пул мегиранд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста