Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо такя ба маълумоти Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия иттилоъ медиҳад, ки миёни фавтидагон аз садамаи ҳавопаймо дар Қазон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоранд.

Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи якшанбе зимни нишаст ба фурудгоҳи байнулмилалии Қазон ҳавопаймои Boeing 737 500 (ширкати ҳавопаймоии Тотористон) ба замин бархӯрда , ба таркиш дучор шуд.

Тибқи маълумоти ахир, бар асари ин садама 50 нафар - 44 нафар мусофирон ва 6 нафар ҳайати техникиву халабонони тайёра ба ҳалокат расидаанд. Бо рақами телефони 8(843)227-46-50 метавон дар бораи ҳалокшудагон дар ин садама маълумот дарёфт намуд.