Бахтиёр Тағоймуродов, писари сардори КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ Алимурод Тағоймуродов ба рух додани садамаи нақлиёти марговар бо автомашинаи тамғаи «Тoyota Land Cruiser» гумонбар дониста мешавад.

Шоми рӯзи 23-юми ноябр ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб, дар қаламрави деҳаи Элок ӯ ба автомашинаи тамғаи «Мерселес» таҳти идораи Максим Зохови 27-сола бармехӯрад.

Бино ба иттилои ВКД ҶТ, бар асари ин бархӯрд «Мерседес» ба самти муқобили ҳаракат баромада, ба автомашинаи «Опел-Астра»-и таҳти идораи Сафарбек Камолҷон бармехӯрад. Дар натиҷа мусофирони автомашинаи «Опел» - Дилшод Байдуллоеви 34-сола ва Сафархон Камолҷони 30-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Боз ду мусофири дигар – Мақсудҷон Аҳмадҷонови 33-сола ва Далер Байдуллоеви 25-сола ҷароҳат бардошта, ба бемористон мунтақил шудаанд. Дар бораи осеб дидани худи Бахтиёр Тағоймуродов ва ронандаи «Мерседес» Максим Зохов маълумот дода намешавад.

ВКД ҶТ иттилоъ медиҳад, ки Бахтиёр Тағоймуродов қаблан дар прокуратураи ноҳияи Синои пойтахт фаъолият мекард, вале ба гумони даст доштан ба кадом як ҷинояте ӯро аз кор озод кардаанд.

Худи ҳамон рӯз бо иштироки боз яке аз аъзои оилаи маъруф дар Тоҷикистон – Чоловҳо низ як ҳодисаи садамаи нақлиёти дигар рух додааст.

Нимаи рӯз дар маркази пойтахт сокини 31-солаи шаҳри Кӯлоб Панҷшер Чолов дар ҳолати сархушӣ аз машрубот бо автомашинаи тамғаи «Лексус» донишҷӯи 18-солаи Донишкадаи забонҳо Дилшод Худоиевро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад. Раҳгузари осебдида минбаъд ба бемористон мунтақил шудааст.

Панҷшер Чолови фирорнамуда баъдан боздошт шуда, ба ҷинояти содиркардааш иқрор ва изҳор намудааст, ки бидуни ҳуҷҷати иҷозати ронандагӣ автомашинаро идора намудааст.

Ёдрас мекунем, ки бар асари садамаи нақлиёти фоҷеабор, ки шоми рӯзи 9-уми октябр  дар хиёбони Рӯдакии пойтахт бо иштироки писари 16-солаи сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Расул Амонуллои 16-сола рух дод, се нафар ба ҳалокат расида, боз се тан бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба бемористон мунтақил шуда буданд.

Чанде қабл президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ ба ин масъала талаб кард, ки тамоми гунаҳкорони садамаҳои нақлиёт, аз ҷумла фарзандони мансабдорони воломақом низ мавриди муҷозот қарор дода шаванд.