Дар зарфи 11 моҳи соли равон дар роҳҳои мошингарди кишвар 1330 ҳодисаҳои садамаи нақлиёт рух доданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, бар асари ин садамаҳои нақлиёт 436 нафар ҳалок ва 1434 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта шумори ҳодисаҳои садамаи нақлиёт 74 ҳолат, шумори ҳалокшудагон 29 нафар ва ҷароҳатбардоштагон 49 нафар зиёдтар шудааст.

Ёдрас мекунем, ки санаи 1 –уми октябр президенти ҷумҳурӣ ба марҳилаи аввали лоиҳаи инноватсионии «Шаҳри бехатар» ҳусни оғоз бахшид, ки дар он низоми идоракунии автоматӣ дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе пешбинӣ мешавад.

Вазорати корҳои дохилӣ итминон медиҳад, ки амалисозии пурсамари ин лоиҳа ба мубориза бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла ҳодисаҳои коррупсионӣ дар роҳҳо мусоидат намуда, як иқдоми муҳимест дар роҳи гузаштан ба ҳукумати электронӣ.