Гумонбарони лату кӯби то марги декани яке аз факултаҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) сокинони ВМКБ ва Хатлон мебошанд.

Тавре аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, чанде қабл онҳо боздошт шуда буданд.

Ба иттилои манбаъ, лату кӯби декан ба фаъолияти касбии ӯ рабт надоштааст. Бинобар сабаби идомаи тафтиш аз ифшои ҷузъиёти дигари қазия худдорӣ карда шуд.

Қаблан хабар дода будем, ки бар асари ҷароҳатҳои расонида аз ҷониби афроди номаълум декани яке аз факултаҳои Донишгоҳи давлатии «Хуҷанд (ДДХ) Мунир Хоҷаеви 49-сола ба ҳалокат расид. Ӯ бо ҷароҳатҳои гуногун субҳи барвақти рӯзи 5-уми декабр дар яке аз истгоҳҳои автобуси шаҳри Хуҷанд дарёфт шуда буд.