Ба муфаттишони кишвари Забайкалйеи Русия то ҳанӯз муяссар нашуд, ки гумонбарони қатли муҳоҷири кории тоҷик дар Чита рӯзи 2-юми январро муайян созанд.

Бино ба маълумоти мақомоти тафтишот, дар муайян кардани гумонбарони ин ҳодиса муфаттишон аз аҳолии кишвари Забайкалйе кумак дархост намуда, бо гарави ифшо накардани ному насаб хоҳиш  кардаанд, ки дар сурати ягон маълумоте доштан дар ин бора бо телефонҳои 8(3022) 32-09-71 ё 02 занг зананд.

Зикр мегардад, ки дар давраи сипаришуда муфаттишон ва кормандони фаврии мақомоти пулис ҷиҳати муайян кардани гумонбарони ин ҷиноят чорабиниҳои зиёди тафтишотӣ анҷом додаанд.

«Муфаттишон тамоми ҷузъиёти ҷойи ҳодисаро таҳқиқ намуда, тирҳоро мусодира ва ба тамоми чизҳову ашёи аз ҷойи ҳодиса мусодирашуда ташхисҳои судӣ таъин карданд, аммо то ҳанӯз муайян кардани шахсияти гумонбарон ва шоҳидони содир шудани ҷиноят муяссар нагардид», - иттилоъ медиҳад пулиси кишвари Забайкалйе.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 2-юми январи соли равон дар шаҳри Читаи Русия як муҳоҷири кории тоҷик бо истифода аз силоҳи оташфишон ба қатл расонида шуда буд.