Зимни нишасти хабарии имрӯза раиси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонуллои Ҳукуматулло овозаҳо дар бораи гӯё пас аз садамаи марговар бо писараш дар фирор қарор доштанашро рад карда, дар ин робита зикр кард, ки баъди он садамаи фоҷеабор дар рухсатии меҳнатӣ буд.

«Ҳамасола дар рухсатии меҳнатӣ ман табобат мегирам, зеро соли 1993 сактаи дилро аз сар гузаронида, айни замон кори дилам сунъӣ таъмин мешавад. Дар ин ҳолат кор кардан ба шахс манъ аст, вале ҳаёт маҷбур месозад, ки кор бикунӣ», - иброз дошт ӯ.

Ба қавли номбурда, ӯ то 1-уми майи соли ҷорӣ кор карда, сипас аз рӯйи синнусол ба нафақа мебарояд. «Ба ман имкон диҳед, ки то нафақаам оромона кор кунам», - гуфт вай.

Дар робита ба садамаи нақлиёт бо иштироки писараш, ӯ зикр кард, ки «ҳамааш бояд дар доираи қонун ҳал шавад», аммо дар ҳамин ҳол, таъкид дошт, ки «мо бояд садамаро аз куштор, ки чанде аз ВАО тасдиқ мекунанд, фарқ кунем».

«Ҳар касе метавонад ба чунин ҳодиса дучор шавад, вале куштор барқасдона сурат мегирад, - шарҳ дод ӯ. – Хамаи мо соҳиби фарзанду хешону наздиконем ва зимни нашри ин гуна ҳолатҳо эҳтиёткор мебояд буд».

Пас аз анҷоми тамоми расмиёти зарурӣ оид ба ин парвнда, А.Ҳукуматулло аз болои чанде аз ВАО ба суд шикоят бурданист. «Журналистонеро, ки бо маводи беасоси худ вазъро шадидтар мекарданд, ман ором намегузорам ва барои ин асос ҳам дорам»», - таъкид намуд А.Ҳукуматулло.

Ӯ баъди садама ба Олмон рафтани Расулро тасдиқ намуда, изҳор кард, ки писараш билети ҳавопайморо як ҳафта қабл то рух додани садама дастрас карда, барои омода кардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои сафар ба Олмон беш аз 1 моҳ вақт лозим шудааст.

«Танҳо баъди гузашти 6 соат дар бораи садама ба ман хабар доданд. Дар бораи ҳамаи ин ҳолат ман бо президент Эмомалӣ Раҳмон суҳбати муафссал доштам», - гуфт ӯ.

Раиси корхонаи роҳи оҳан мутмаин аст, ки «Расул аз ҳама ҷиҳат навраси қобилу пешрафта буда,  забонҳои тоҷикву русӣ ва англисиро хуб медонад». «Ман маҳз аз ҳамин писарам умед доштам, ки дар пирӣ такягоҳам мешавад», - илова кард номбурда.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи октябр бар асари садамаи нақлиёти фоҷеабор дар хиёбони Рӯдакии пойтахт се нафар ба ҳалокат расида, боз се тан бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба бемористон мунтақил шуда буданд. Дар ин садама автомашинаи тамғаи «БМВ» таҳти идораи Расул Амонуллои 16-сола, писари Амонулло Ҳукуматулло суръати ҳаракатро аз меъёр зиёд намуда, ба автомашинаи тамғаи «ВАЗ 21-014 бархӯрд.

Аз рӯи далели ин садамаи фоҷеабор мутобиқи моддаи 212, қ. 3 КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт,  ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё бештар шахсон гаштааст) парвандаи ҷиноӣ боз гардида, дар он ҳукми аз 5 то 10 соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ мешавад.

Нисбати иштирокчии дигари ин садама, сокини 21-солаи шаҳри Душанбе Умедҷон Шарифов низ мутобиқи моддаи 212, қ 3-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Шарифов қаблан аз рӯи моддаи 237, қ. 2-и КҶ ҶТ (Авбошӣ) маҳкум шуда буд. Тафтиши парвандаи ҷиноии мазкур идома дорад.

Модари ноболиғ Расул Амонулли 16-сола барои риоя накардани муқаррароти қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар ҳаҷми 120 сомонӣ ҷаримабандӣ шуд.