Рӯзи 3-юми феврал дар қаламрави ҷамоати Курговади ноҳияи Дарвози ВМКБ тарма фаромада, ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ монеъа эҷод кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, баландии тарма 5 метр ва дарозиаш 25 метрро ташкил медиҳад.

«Дар ҷойи ҳодиса роҳсозону наҷотдиҳандагон ва техникаи зарурӣ машғули тозакунии тарма аз роҳ буда, интизорӣ меравад, ки нимаи дуюми имрӯз роҳ барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт боз мешавад», - гуфтанд дар вазорат.