Маҳбуси ба 17 соли зиндон маҳкумшуда сартарош Умед Тешаев қарибиҳои шоми 16-уми феврал бо қайчӣ сардори тавқифгоҳи мувақкатӣ (СИЗО)-и Кӯлоб полковник Умар Қаюмовро ба қатл расонид. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр хабар доданд.

Тибқи баъзе маълумот, сардори тавқифгоҳи муваққатӣ бо маҳбусон ҳамеша муносибати хуб дошта, аз Тешаев хоҳиш мекунад, ки мӯйи сарашро ба тартиб орад, ки он ба фоҷеа анҷом пазируфтааст.

Дар ҳамин ҳол, Абдураҳомн Алиев, падари Абдурасул Алиев, ки моҳи августи соли 2013 аз ҷониби Тешаев ба қатл расонида шуда буд, чанде қабл тариқи нашрияи мустақили «Пайк» (№5 аз 29-уми августи соли 2014) дар бораи ҷазои хеле сабук додан аз ҷониби судяҳо ба қотили писараш бо мактуби кушод ба президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат намуда, дархост кард, ки парвандаи ӯ бозбинӣ шавад.

Ба гуфтаи ӯ, ташхис нишон додааст, ки пас аз 10 зарба писараш аллакай ҳалок шуда будааст, вале Тешаев боз ба ӯ 47 зарбаи корд задааст.