Бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе – Ҳисор 4 нафар ҳалок ва боз 3 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ВКД ҶТ, зимни ҳаракат аз шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Ҳисор ронандаи 23-солаи автомашинаи «Опел-Вектра» Шуҳратҷон Мирзоев аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ мебарояд ва ба автомашинаи тамғаи «Хундай» таҳти идораи Ёқубҷон Шоеви 42-сола бармехӯрад.

«Дар натиҷаи ин бархӯрд ронандаи автомашинаи «Опел Вектра» Ш.Мирзоев, мусофирони ин автомшаина – Диловар Мирзоеву Хушбахт Солиев ва ҳамчунин мусофири автомашинаи «Хундай» Хайриддин Қурбонов ба ҳалокат расидаанд. Боз се нафари дигари иштирокчии ин садама бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба бемористон мунтақил шуданд», - зикр мегардад дар маълумоти ВКД.