Бар асари садамаи нақлиёт дар Русия ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок ва боз ду нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба бемористон мунтақил шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод, субҳи рӯзи якшанбе дар роҳи мошингарди Челябинск – Троитс, наздикии Южно-Уралск ду автомашинаи сабукрав ба ҳам бархӯрда,  дар натиҷа ду шаҳрванди Тоҷикистон - зодаи ноҳияи Айнӣ Амиршо Азимқулови 19-сола ва сокини ноҳияи Румӣ Ҳошимҷон Раҳимови 35-сола ва ду шаҳрванди Русия –дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, сокини 39-солаи ноҳияи Айнӣ Абдумуталиб Набиев ва Исмоил Меликов (сана ва ҷойи таваллудаш муайян мешаванд) бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористони Южно Уралск бисарӣ шудаанд.

Зимнан зикр гардид, ки намояндагӣ ба хешону наздикони фавтидагон ҷиҳати омодакунии ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои ба ватан фиристодани ҷасади онҳо кумак мекунад.