Рӯзҳои 26-28 феврал дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ машқи зимистонаи тактикии махсус оид ба корҳои кофтуковӣ-наҷотдиҳӣ дар ду давра ташкилу баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти КҲФ ва МГ, дар машқи мазкур дастаҳои зудамали наҷотдиҳии Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе, шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, Маркази наҷотдиҳӣ ва ҳайати шахсии яке аз қисмҳои низомии Кумита иштирок доштанд.

Ба иттилои манбаъ, даври аввал омӯзонидани ҳайати шахсии ҷалбгардида оид ба истифодаи автомашинаҳои махсуси ҳозиразамонро дарбар гирифта, даври дуюм дар пойгоҳи Маркази таълимию-методӣ тариқи амалӣ баргузор гардид.

Дар пойгоҳи Маркази таълимию методӣ ҳамчунин маросими муаррифии техникаву таҷҳизоти таъиноти садамавӣ ва наҷотдиҳии Кумита низ доир гардид.

Сардори Маркази наҷотбахшӣ полковник Олег Пелкевич дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳадафи аслии тамрин ва муаррифии техникаву таҷҳизоте, ки имрӯз дар ихтиёри Кумита қарор доранд, аз наздик ошно гардидан бо тарзи кори онҳо ва бевосита ҳосил шудани малакаҳои идораи онҳо зимни ҳолатҳои фавқулода мебошад.

О.Пелкевич ҳамчунин зикр кард, ки ҳамаи наҷотдиҳандагоне, ки дар тамринҳо ширкат карданд, мувофиқи талаботи байнулмилалӣ аз давраҳои омӯзишӣ ва аттестатсия гузаштаанд.