Як гурӯҳ мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба ноҳияи Ашт раҳсипор шуданд, то ки ба табибони маҳаллӣ баҳри бартараф кардани оқибатҳои заҳролудшавии оммавии аҳолӣ аз помидорҳои консервшуда дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз кӯмак расонанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мазкур хабар дод, рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз дар деҳаи Қаҳрамони ҷамоати Шодоби ноҳияи Ашт 40 нафар сокинони деҳа аз истеъмоли помидору бодиринги консервшуда заҳролуд шудаанд.

«Муроҷиати саривақтӣ ба табибон заҳролудшудагонро аз марг наҷот дода, айни замон дар шуъбаи эҳёгарии беморхонаи маҳаллӣ як зану се наврас ва дар палатаҳои умумӣ 29 нафар бистарианд», - гуфт манбаъ.