Сокини Душанбе – Шавкат Раҳмонови 74-сола дар назди бинои Дастгоҳи иҷроияи президент худро оташ зад. Айни замон ӯ дар беморхона бистарӣ аст.

Бино ба иттилои ВКД ҶТ,  ин ҳодиса соати 10 дар паҳлӯи магазини «Спорттовары» воқеъ дар кӯчаи Рӯдакӣ рух додааст. Сабаби худро оташзании ин сокини Душанбе муноқишаи оилавӣ унвон мешавад.

Бо қарори суди шаҳри Душанбе манзили воқеъ дар кӯчаи Фирдавсӣ баробар миёни Шавкат Раҳмонов ва духтари ӯ Нӯшофарин Раҳмоноваи 43-сола тақсим шудааст.

«Ба гуфтаи Нӯшофарин, ду соли ахир падараш гирифтори бемории рӯҳӣ буда, қаблан низ қасди худкушӣ кардааст», - хабар медиҳад ВКД.