Ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра» (рақами давлатиаш 66-62 АС03) Наимҷон Муродови 27-сола, сокини шаҳри Кӯлоб, ки рӯзи 8-уми август бо автомашинааш ноболиғонро пахг кард, боздошт шуд.

Қаблан дар маълуомти БДА иттилоъ дода шуд, ки бар асари ин ҳодиса Ҷамшед Беканазарови 14-сола дар ҷойи ҳодиса ҳалок ва Меҳриддин Бердиеви 14-солаву Макнунаи Абдукарими 16-сола бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар бемористон бистарӣ шуда, худи ронанда аз ҷойи ҳодиса фирор ва ба ҷабрдидагон кумак накардааст.

Ба гуфтаи сардори Раёсати ВКД-и вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб полковники милиса Абдулваҳҳоб Искандаров, шоми ҳамон рӯз гунаҳкори садама дар шаҳри Душанбе боздошт ва ба тавқифгоҳи муваққатии шуъбаи ВКД дар шаҳри Кӯлоб оварда шудааст. «Вазъи ноболиғони дар бемористон бистаришуда хуб буда, ба ҳаёти онҳо дигар ҳеҷ хатаре таҳдид намекунад», - иброз дошт ӯ.