Тамоми кӯдакон аз деҳаи Арбобхотуни ҷамоати Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, ки ба гумони заҳролудшавӣ аз маводи кимиёвии  хлориди аммиак ба бемористонҳои пойтахт бистарӣ шуда буданд, айни замон ба хонаҳояшон баргаштанд.

Котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ Ориф Нозимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ташхиси нимаи аввали имрӯз доиргардида нишон додааст, ки аз бӯи ғализи хлориди аммиак кӯдакон каме нотобу беҳол гардида, вале заҳролуд нашудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, хабари қаблии таркиши лӯлаи хлориди аммиак носаҳеҳ буда, бӯи ғализу ногувор дар натиҷаи буридани лӯлаи дорои боқимондаҳои хлориди аммиак, ки коргарони коргоҳи металлургӣ аз он оташдон сохтанӣ будаанд, ба вуҷуд омадааст.

Ёдрас мекунем, ки КҲФ ва МГ Тоҷикистон иттилоъ дода буд , ки бар асари таркиши зарфи дорои хлориди аммиак дар коргоҳи металлургии деаи Арбобхотуни ноҳияи Рӯдакӣ 40 нафар кӯдакони дар наздикии коргоҳ иқоматдошта заҳролуд шуданд.