Бар асари таркиш дар яке аз нуқтаҳои фурӯши маводи сӯхти шаҳри Хуҷанд 5 нафар осеб дида, 2 нафари онҳо ба ҳалокат расиданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар доданд, таркиш дар нуқтаи фурӯши маводи сӯхти ҶДММ «Фараҳ», воқеъ дар кӯчаи А.Шукӯҳии шаҳри Хуҷанд рух дода, дар натиҷа Илҳом Бобоҷонови 38-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки ба таъмир дар ин ҷо машғул будааст ва боз як нафари дигари шахсияташ то ҳанӯз мушаххаснашуда ба ҳалокат расидаанд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин бар асар таркиш се нафар сокинони дигари ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – Абдумуталиб Ашрафови 41-сола, Барот Бобоҷонови 20-сола ва Исроил Баротови 28-сола, ки дар ин фурӯшгоҳ кор мекардаанд, низ осеб дидаанд. «Ҳамаи онҳо ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар бемористони №1-и шаҳри Хуҷанд бистарӣ шуданд», - гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки таркиш шояд ба иллати риоя накардани техникаи бехатарӣ ҳангоми истифодаи асбобу дастгоҳҳои барқӣ, аз ҷумла дастгоҳи кафшергарӣ рух дода бошад.