Бинобар сабаби риоя накардани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории воқеъ дар шаҳракаи Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ, аз гази моеъ шарора ба амал омада, таркиш рух додааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар натиҷа се нафар шаҳрванд ба ҳалокат расида, якчанд нафари дигар бо бардоштани ҷароҳатҳо дар беморхона бистарӣ гардиданд.

Зимнан зикр мегардад, ки тафтишоти пешакӣ оиди ин ҳодиса идома дошта, аз натиҷаи он иловатан иттилоъ дода мешавад.