Хадамоти матбуоти Сарраёсати Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Ярославл иттилоъ медиҳад, ки оид ба далели куштори шаҳрванди Тоҷикистон дар ин шаҳр муфаттишон парвандаи ҷиноӣ боз намудаанд.

«Аз маводи парвнада бармеояд, ки санаи 11-уми ноябр дар майдони сохтмони бинои истиқоматӣ дар кӯчаи Курчатови шаҳри Ярославл ҷасади зодаи 60-солаи Тоҷикистон бо захмҳо аз силоҳи оташфишон дарёфт шуда, ба гумони даст доштан дар содир намудани ин ҷиноят сокини 48-солаи шаҳр боздошт гардидааст», - омадааст дар иттилоъ.

Дар ҳамин ҳол, ,  «Комсомольская правда» ошкор кардааст, ки ҳалокшуда дар сохтмон ба сифати посбон карда, чанде қабл бо яке аз сокинни маҳаллӣ ба муноқиша пардохтааст. Сокини 48-солаи хонаи ҳамсоя дар ҳолати сархушӣ ба кӯча баромада, ба тирпарронӣ оғоз кардааст. Посбонон милтиқро аз дасти ӯ мегиранд, вале мард таппончаро бароварда, якчанд маротиба ба сӯйи посбон тир мепарронад, ки дар натиҷа ахирӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Бино ба маълумоти мақомоти тафтишот, шахси ҳалокшуда муҳоҷири корӣ набуда, муддати чандин сол дар шаҳри Ярославл иқомат дорад ва шаҳрванди Русия аст.