Дар бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд рӯзи якшанбе сӯхтор ба амал омад. Беш аз 10 мағозаву нуқтаҳои фурӯш ба коми оташ рафтанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти милисаи вилояти Суғд хабар дод.

Тибқи фарзияи пешакӣ, сабаби сар задани сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳо дар шабакаҳои барқӣ унвон мешавад.

«Аз сӯхтор одамон осеб надида, ҳаҷми зиён муайян карда мешавад. Муддати 30-40 дақиқа оташ аз ҷониби кормандони хадамоти оташнишонӣ хомӯш карда шуд», - гуфт манбаъ.