Сокини 29-солаи пойтахт Меҳроб Каримов ба мақомоти милиса дар бораи бедарак шудани бародаронаш бо ариза муроҷиат кардааст.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар ариза зикр шудааст, ки санаи 6-ноябри соли равон бародаронаш Фарҳод Каримови 34-сола бо автомашинаи тамғаи «Тойота-Кемри» ва Раҷабалӣ Каримови 46-сола бо автомашинаи тамғаи «Ренҷ-ровер», аз хона баромада, бедарак шудаанд.

Гуфта мешавад, оид ба далели гум шудани номбурдагон аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ кофтуков эълон карда шуда, барои дарёфти онҳо гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ созмон дода шудааст.

«Субҳи рӯзи 18-уми ноябр дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ ҷасадҳои бародарон Каримовҳо бо нишонаҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шуданд», - омадааст дар хабари маркази матбуоти ВКД ҶТ.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ дар ин самт идома дорад.