Дар Раёсати вазъҳои буҳронии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ рӯзи панҷшанбе семинари дурӯзаи омӯзишӣ таҳти унвони «Барқарорсозӣ баъд аз ҳолатҳои фавқулода» ба итмом расид.

Тавре сардори маркази матбуоти Кумита Ориф Нозимов хабар дод, семинари мазкур дар чаҳорчӯби амалисозии лоиҳаи Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ва Платформаи миллии паст кардани хатарҳои офатҳои табиӣ доир гардид.

Ба гуфтаи ӯ, дар семинар намояндагони 17 вазорату идораҳои ҷумҳурӣ – КҲФ ва МГ, ВКД, КДАМ, Вазорати мудофиа, Вазорати адлия, Гвардияи миллӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, Вазорати маориф ва илм, Вазорати нақлиёт ва дигарон иштирок карданд.