Комиссари ҳарбии ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Дилшод Азимов бар асари таркиш дар дегхона (котелная)-и манзилаш ва ҷароҳатҳои сӯхтаи гирифта аз он ба ҳалокат расид. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҶТ хабар дод.

Бино ба гуфти манбаъ, ин ҳодисаи фоҷеабор рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда дар манзили зисти комиссари ҳарбӣ, воқеъ дар кӯчаи Қаротегин рух додааст. «Комиссари ҳарбӣ ва ронандаи ӯ зимни таъмири низоми гармидиҳии манзили Дилшод Азимов осеб дидаанд. Ҳангоми таъмир бар асари беэҳтиётии онҳо дар дегхона таркиш ба вуқӯъ пайваста, соҳибхона ҳалок ва ронандааш бо ҷароҳатҳои сӯхта дар бемористон бистарӣ шудааст», - қайд кард манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки Дилшод Азимов аз соли 2012 ба ҳайси комиссари ҳарбии ноҳияи Ёвон фаъолият мекард.