Шабҳангоми дирӯз дар канори шаҳри Душанбе таркиш рух дод. Ба қавли сокинони ба истилоҳ маҳаллаи 9-ум километри пойтахт, сӯхтор соати 22-20 дақиқаи шаб рух дода, шоҳидон мегӯянд, бар асари он тирезаҳои мактаб ва манзилҳои зисти наздики ҷойи ҳодиса осеб дидаву шикастаанд.

Ба гуфтаи сокинони маҳал, дар макони собиқ комбинати коркарди чӯб нуқтаи фурӯши маводи сӯзишворӣ боз карданӣ будаанд ва соҳибмулкони он барои санҷиши мустаҳкамии зарфи сӯзишворӣ (бочка), онро бо ҳаво пур кардаанд, аммо таркиш рух дода, зарф пора-пора ва ба ҳар тараф пош хӯрдааст.

Ҳамчунин гуфта мешавад, дар натиҷаи ин таркиш ҳамаи манзили зисти воқеъ дар наздикии макони сохтмони нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва мактаби №34 бе тиреза мондаанд. «Посбони нуқта аз пораҳои пошхӯрдаи зарф захмӣ шуда, айни замон дар бемористон қарор дорад. Субҳ кормандони милиса омада, ҳамаро пароканда карданд», - гуфтанд шоҳидони ҳодиса.

Дастрас кардани шарҳи сохторҳои расмӣ доир ба ин ҳодиса ба «Азия-Плюс» то ҳол муяссар нашуд.