Чанде қабл дар ҷамоати Симиганҷи шаҳри Вадат 5 аъзои як оила аз дуди ангишт заҳролуд шуда, ба ҳалокат расиданд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, соҳибхоназан Насиба Маҷидоваи 29-сола ва фарзандони ӯ – Фаридаи 6-сола, Саидаслами 5-сола, Фазилаи 4-сола ва Муҳаммади 3-сола аз дуди ангишти аз оташдон хориҷшуда дар манзили зисташон  ҳалок шудаанд.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки сокини 54-солаи ноҳияи Спитамен Слбир Холматов низ дар хонаи истиқоматиаш аз дуди ангишт ҳалок гардидааст.