Шаби 18 ба 19-уми декабр шахсони номаълум ба идораи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, ки дар Идораи андози шаҳри Исфара қарор дорад, ворид шуда, бархе ҳуҷҷатҳои ин бахши ҳизб ва муҳри онро бо худ бурдаанд.

Сомонаи расмии ҲНИТ бо такя ба гуфтаҳои Абдусаттор Бобоев, ҷонишини раиси ҲНИТ дар ноҳияи Исфара дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки "субҳ ҳангоми ба идора ворид шудан дидам, ки дари ҳуҷраи корӣ шикаста шудаасту ҳуҷҷатҳо ва муҳри ин бахш нест. Мо ба милисаи шаҳр муроҷиат кардем ва мунтазири омадани онҳо ҳастем”.

Гуфта мешавад,ин дар ҳолест, ки тамоми идораҳои давлативу ғайридавлатӣ нигаҳбон дошта ворид шудан ба онҳо кори осон нест.

Зимнан зикр мегардад, ки дар арафаи баргузории интихоботи парлумонӣ чунин амалҳо метавонанд кори дасти касоне бошанд, ки мехоҳанд аз ҳоло натиҷаи интихоботро зери савол баранд.