Чор нафар сокинони шаҳри Хуҷанд – Шуҳрат Дадабоеви 37-сола, Ҷамшед Аҳмедови 26-солаи қаблан маҳкумшуда барои дуздӣ, Ҳалимбой Зокирбойи 29-солаи қаблан маҳкумшуда барои авбошӣ ва Акрамбой Маҳкамови 29-сола ҳамчун гумонбар дар ҷинояти куштор дастгир карда шуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, номбурдагон шоми рӯзи 24-уми декабр барои ҳал намудани муноқишаи байни шаҳрвандон Акрамбой Маҳкамов ва Ғуломҷон Ёдгоров,  ҳарду 24-сола меоянд, ки Ғ.Ёдгоров ҳамчун устои сохтмончӣ дар хонаи истиқоматии Маҳкамов А. кор карда, қисми маблағашро ба андозаи 1000-доллари амрикоӣ нагирифтааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷа байни онҳо ва Ғуломҷон Ёдгоров, Фазлиддинхон Алиев-и 25-сола, Умархон Алиеви 24-сола ва Азиз Ниёзови 21-сола,  истиқоматкунандагони  шаҳри Хуҷанд, муноқиша ва задухӯрд ба амал меояд.

Ба иттилои манбаъ, шаҳрванд  Шуҳрат Дадабоев бо корди дар даст доштааш якчанд маротиба  ба  қисми дил ва шиками Фазлиддинхон Алиев зарбаҳои ҳалокатовар зада, баъдан ба Азиз Ниёзов низ ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст, ки бар асари он  Алиев Ф. дар беморхона ба ҳалокат расида, А.Ниёзов бо ҷароҳати ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ шудааст. 

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.