Бар асари садамаи нақлиёт дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд 11 нафар ба ҳалокат расиданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии вилояти Суғд хабар доданд, садама шаби гузашта дар қаламрави деҳоти Роғи ин ноҳия рух додааст.

«Ҳамаи мусофирони автомобили тамғаи Hyuadai Starex-и ба садама дучоршуда, аз ҷумла як зан ва як кӯдак низ ба ҳалокат расидаанд», - гуфтанд дар шуъбаи БДА.

Аз ҷузъиёти дигари ҳодиса алҳол маълумот дастрас нест.